ФутболМаводҳои идораи Варзиш+•1 дақ. мутолиа
16 Ноя, 07:30
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Игор Ангеловский дар бозии даври нимниҳоии Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026» бар тими миллии Умон п

ИВ
Идораи Варзиш+
Ҳайати таҳририя
ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Игор Ангеловский дар бозии даври нимниҳоии Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026» бар тими миллии Умон пирӯз шуда, ба финали мусобиқа роҳ ёфт.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, вохӯрӣ 14 ноябр дар варзишгоҳи Сисакет баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба нафъи дастаи мунтахаби мо анҷом ёфт.
Дар финали мусобиқаи «King’s Cup 2026» тими мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Таиланд бозӣ мекунад, ки ин даста дар бозии дигари нимниҳоӣ бар мунтахаби Бруней бо ҳисоби калони 6:0 пирӯз шуд.
Бозии ниҳоӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Таиланд 17 ноябр, соати 17:30 бо вақти Душанбе баргузор мегардад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
© 2026 Варзиш+ (Varzish Plus) — Ҳама ҳуқуқҳо ба маводҳои истисноӣ маҳфузанд.
#football#Тоҷикистон#Варзиш+

